Октябр 06, 2021 15:32 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои воридоти сӯхт ва гази моеъ аз Қазоқистон

Муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва сафири ин кишвар дар Остона дар дидор бо муовини вазири энержии Қазоқистон дар бораи воридоти сӯхт ва гази моеъ ройзанӣ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник дар дидори Шарифа Худобахш ва Хайруллоҳ Ибодзода бо  Асад Магоумов дар шаҳри Остона дар мавриди наҳваи ҳамкории ширкатҳои воридкунандаи сӯхти Тоҷикистон бо полоишгоҳҳои Қазоқистон, таъйини қимати гази моеъ, бензину солярка, таъйини боҷи гумрукӣ ва транзитӣ баҳсу табодули назар шуд.
Тоҷикистон ки дар фасли тобистон ниёзмандии оби бахши кишоварзии Қазоқистонро таъмин карда умедвор аст, ки мақомоти ин кишвар мушкили камбуди сӯхти Тоҷикистонро дар фасли сармо бартараф кунанд .
Дар ин дидор ҳамчунин роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории
 Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.

 


Бештар бихонед :

 

Барчасп