Октябр 08, 2021 22:05 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар моҳи октябр 800 ҳазор доза ваксинаи корона дарёфт хоҳад кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти 800 ҳазор доза ваксинаи корона аз Аврупо ва Чин дар моҳи октябри соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ба наздикӣ ба ин кишвар аз тариқи барномаи Ковакс 500 ҳазор доза ваксинаи чинии CoronaVac ва 302 ҳазор доза ваксинаи AstraZeneca ворид хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки то ба ҳол аз тариқи кумакҳои башардӯстона ва барномаи Ковакс 4 миллиону 861 ҳазору 540 доза ваксинаи корона ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ дар ин кишвар 2 миллиону 399 ҳазор нафар дозаи нахусти ваксинаи корона ва 1 миллиону 740 ҳазору 660 нафар дозаи дувуми ин ваксинаро дарёфт кардаанд.

Дар Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир ҳеч мавриди ҷадиди ибтило ва фавти афрод аз бемории Ковид - 19 сабт нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп