Октябр 10, 2021 12:08 Asia/Dushanbe
  • Музокираи 5 рӯзаи гурӯҳҳои кории нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон

Музокираи 5 рӯзаи гурӯҳҳои кории нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон барои идомаи машварат дар бораи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар поён ёфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Хабари Қирғизистон, дар поёни ин давр аз гуфтугӯҳо тарафҳо бо имзои ёддошти тафоҳум эълом карданд, ки музокироти баъдӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бо ин ҳол ҷонибҳо дар бораи ҷузъиёти ин давр аз музокирот тавзеҳи бештаре надоданд.
Ин панҷумин даври музокироти гуруҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, ки пас аз даргириҳои марзии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ баргузор мешавад .
Ихтилофи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ шиддат ёфт.
Дар ин даргириҳо теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони навоҳии Исфара ва Ботканд кушта ва захмӣ шуданд .
Аз он таърих то кунун марзҳои ду кишвар ҳамчунон бастааст .
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд .



Бештар бихонед :