Октябр 10, 2021 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба ронандагон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба ронандагон ҳушдор дод дар сурати мушоҳидаи муъоинаи фаннии тақаллубии худрав ба шиддат муҷозот хоҳанд шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шодӣ Солеҳзода- муовини мудири умури фаннии худравҳои БДА-и вилояти Суғд гуфт : Ахиран теъдоде аз ронандагон бидуни доштани баргаи муъоинаи фаннӣ бо пардохти пул ба воситаҳо иқдом ба дарёфти баргаҳои тақаллубӣ карданд.

Вай афзуд : Барои ин теъдод аз ронандагон парвандаи қазоӣ ташкил ва ба додгоҳҳо ирсол шудааст.
Шодӣ Солеҳзода таъкид кард: Бар асоси банди 340 қонуни ҷазоии Тоҷикистон ин афрод маҳкум ба пардохти ҷаримаи сангини молӣ ва ё 2 сол зиндон хоҳанд шуд .

Тоҷикистон бештарин мизони ҳаводиси ронандагиро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад .