Октябр 11, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Русия барои рушди манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон

Русия барои рушди манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба ин кишвар кумак мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, ин тарҳ дар пайи имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Анҷумани манотиқи озоди иқтисодии Русия ва масъулони 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон унвон шуд .
Ин тарҳ дар чорчуби барномаи рушди иқтисодии Тоҷикистон то соли 2030 бо мусоидати барномаи рушди Созмони Маллали Муттаҳид ва бо сармоягузории молӣ ва таҷҳизотии Русия дар манотиқи озоди иқтисодии Ишкошим дар вилояти Бадахшон, Панҷ дар марз бо Афғонистон, Суғд дар шимоли ин кишвар ва Кулобу Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон иҷроӣ хоҳад шуд .
Ҳадаф аз ин барнома тақвияти тавони манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон, таъсиси корхона ва ширкатҳои муштарак, истифода аз фановариҳои навин дар тавлиди маҳсӯлот, эҷоди шуғл ва бозорёбӣ эълом шудааст.
Русия ҳамчунон ба унвони бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ муаррифӣ шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп