Баргузории ёздаҳумин нишасти Комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия
(last modified Mon, 11 Oct 2021 10:11:06 GMT )
Октябр 11, 2021 15:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ёздаҳумин нишасти Комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия

Ёздаҳумин даври нишасти Комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Душанбе оғоз ва се рӯз идома хоҳад ёфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, ёздаҳумин даври нишасти Комиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз ва се рӯз идома хоҳад ёфт .
Дар ин нишаст масъӯлини вазоратхонаву идорот, сармоягузорон, намояндагони бахши хусусӣ ва сарони намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар ҳузур хоҳанд дошт.
Тарафайн дар ҷараёни ин ҷаласа бахши васеъе аз мавзӯъоти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, паҳлуҳои аслии ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, саноъат, омӯзиш, улӯм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энержӣ, беҳдошт, фарҳангу гардишгариро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар чорчуби ин нишаст дар 13 октябр ҳамоиши саноъатӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласоти корофаринону сармоягузорони тоҷику турк ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад интизор меравад, ки беш аз 100 намояндаи бахши хусӯсии ду кишвар дар он ширкат кунанд.



Бештар бихонед :