Октябр 13, 2021 12:45 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои афзоиши суръати интиқоли маҳсулот байни Тоҷикистону Чин

Коргурӯҳи муштараки ҳамлунақли Тоҷикистон ва Чин роҳҳои суръат бахшидани интиқоли молу колоро баррасӣ карданд.

Қулма танҳо гузаргоҳи марзии заминӣ миёни вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва устони Син Киёнги уйғури Чин аст.

Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: Ба далели вуҷуди мушкилот, раванди феълии интиқоли коло аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон кунд аст.

Вай афзуд, зеро тарафи чинӣ эълом кардааст, ки ба контейнерҳои зиддиуфунинашудаи Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба дохили кишварро нахоҳад дод.

Ӯ гуфт: Набуди ҷарсақили миғнотисӣ ҳам дар гумруки Тоҷикистон боиси кунд шудани тахлияи бори комюнҳо шудааст.

Ҳамчунин дар ин нишаст бар зарурати рафъи ин мавонеъ ва фароҳам кардани шароити муносиб барои суръат бахшидан дар интиқоли коло аз Чин ба Тоҷикистон таъкид шуд.