Коршиноси ЭКО: Дидани оромгоҳи Ҳофиз орзӯи ҳар тоҷик аст
Адиби тоҷик ва коршиноси Муассисаи фарҳангии ЭКО гуфт, боздид аз оромгоҳи Ҳофиз орзӯи ҳар тоҷик аст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, адабпажӯҳи тоҷик ва коршиноси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар паёме ба муносибати фаро расидани рӯзи Ҳофиз гуфт: Шероз - хиттаи тамаддунхезу адабпарвар, зодгоҳу мадфангоҳи ду шоири ширинсухану андешманд -Саъдии ширингуфтору Ҳофизи шакармақол, ҷойгоҳи мумтозе дар адаби форсӣ дорад, ки тоҷикон ин шаҳрро Каъбаи шеъру адаб талаққӣ мекунанд ва зиёрати мазори ин ду суханвари шаҳир орзӯи ҳар тоҷик аст.
Ӯ идома дод, Лисонулғайб мегӯяд: "Ҳар чӣ дорам, ҳама аз давлати Қуръон дорам” ва бидуни иғроқ тоҷикеро наметавон пайдо кард, ки девони Ҳофизро бар даст нагирифта бошаду ҳадди ақал 10 ё 20 ғазали ӯро аз ҳифз набошад".
Хулосаи калом он ки суханварони тоҷик қадри гавҳарро мешиносанду ҳаргиз “хармуҳраро бо дур баробар намекунанд” ва арзиши шеърро медонанд ва ба он эҳтиром қоил ҳастанд, ки ин мухтасари далели ин амр аст.