Октябр 14, 2021 13:32 Asia/Dushanbe
  • Ширкати раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаронса дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи наққошии Порис

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаронса дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи наққошии Тоҷикистон дар Порис ширкат карданд.

Ба гузориши “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон ва Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ҳунарии Тоҷикистон бо номи “Тоҷикистон – сарзамини рӯдхонаҳои тиллоӣ” дар музеи Гимеи Фаронса ширкат карданд.

Ин намоишгоҳ бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар доир шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ аз Эммануэл Макрон ба далели талош барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ташаккур кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Ин намоишгоҳ сабаби густариши иртиботу ҳамкориҳои музейҳои ду кишвар хоҳад шуд.

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон бо унвони “Тоҷикистон – сарзамини рӯдхонаҳои тиллоӣ” аз 13 октябр то 10 январ дар музеи Гиме - музеи ҳунарҳои шарқии Порис барпо аст.

211 асари таърихии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ дар маърази диди умум қарор дода шудааст.

 

 

Барчасп