Интиқоли ҷангандаҳои СУ - 25 аз Қирғизистон ба Тоҷикистон
Ҷангандаҳои СУ - 25 -и Русия, воқеъ дар пойгоҳи Канти Қирғизистон, барои ширкат дар размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Ҳавопаймоҳои низомии русии Су - 25 барои размоиши муштараки “вокуниши зудамал” –и Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз пойгоҳи Канти Қирғизистон ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Пеш аз ин дар 12 октябр 4 ҳавопаймои таҳоҷумии СУ - 25 аз пойгоҳи Кант баланд шуда ва дар фурудгоҳи низомии Айнӣ дар Ҳисор, дар наздикии Душанбе фурӯд омаданд.
Ба гуфтаи мақомоти минтақаи низомии марказии Русия, дар марҳалаи фаъол размоиши муштараки “вокуниши зудамал” -и СПАД ба унвон «Таомул - 2021», хадамаи ҳавопаймоҳои таҳоҷумии ҷустуҷӯ ва инҳидоми аҳдофи фарзии душманро анҷом медиҳанд ва ҳамчунин аз неруҳои ҳавоӣ аслиҳаву танкҳои моторӣ дар маъмуриятҳои омӯзишии размӣ дар минтақаи биёбонии кӯҳистонӣ пуштибонии ҳавоӣ мекунанд.