Баргузории Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО+Акс
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75524-Баргузории_Рӯзи_фарҳангии_Тоҷикистон_дар_ЮНЕСКО_Акс
Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар мақари Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Порис бо ҳузури мақомоти расмӣ ва намояндагони кишварҳои узв баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Октябр 16, 2021 11:40 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО+Акс

Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар мақари Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Порис бо ҳузури мақомоти расмӣ ва намояндагони кишварҳои узв баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин барнома Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон ва Одри Азулай, мудири кулли ЮНЕСКО суханронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханоне аз иҷрои пружаҳое, ки саҳми басазое дар тавсеаи омӯзишу улӯм, ҳифзи мироси фарҳангии малмӯс ва номалмӯси Тоҷикистон доранд, ибрози ризоят кард.

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин баргузории теъдоде аз барномаҳои фарҳангӣ ва аз ҷумла ифтитоҳи намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари рӯдхонаҳои тиллоӣ» бо ҳузури раисиҷумҳури Фаронсаро як рӯйдоди муҳим ва ба ёдмонданӣ унвон кард, ки тавассути ЮНЕСКО ба расмият шинохта шуда ва дар феҳристи мироси ҷаҳонии башарият сабт шудаанд.

Пас аз поёни бахши расмӣ, барномаи мусиқӣ ва ҳунарӣ барои ширкаткунандагони ин маросим иҷро шуд.