Октябр 17, 2021 18:51 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти сафири нави Англия дар Тоҷикистон

Сафири нави Англия устуворномаи худро ба муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Тим Ҷонсон-сафири ҷадиди Англия дар Тоҷикистон устуворномаи худро ба Музаффар Ҳусайнзода-муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард .

Ду тараф бо якдигар гуфтугӯ ва тамоюли худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобили сӯдманд дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона иброз доштанд .
Тарафайн ҳамчунин таъомули ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ба вижа раванди омодагии конфаронси Созмони Миллал дар мавриди тағйири иқлим ва соири мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тарафро баррасӣ карданд .

Муддати маъмурияти диплумотии сафири собиқи Англия дар Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ ба поён расид .

 

Барчасп