Баргузории ҷаласаи муаллимони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе
Ҷаласаи муаллимони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи муаллимон ва кормандони омӯзиш ва парвариши кишварҳои узви ИДМ 27 то 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, ин ҳамоиш ба ибтикори вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Сандӯқи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо унвони "фазои омӯзишии ИДМ захираи роҳбурдии рушди пойдор" баргузор хоҳад шуд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои Узбекистон, Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи вазъи омӯзиш ва парвариш дар қаламрави ИДМ, роҳҳои беҳбуди кайфияти тадрис ва фарогирии улум ва фанновариҳои рӯз баҳсу табодули назар хоҳанд кард.
Дар ҳошияи ин нишаст низ намоишгоҳи дастовардҳои омӯзиш ва парвариш барпо ва ба муаллимону коркунони намунаи омӯзишу парвариш ҳадияҳо дода мешавад.