Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон
Намояндагони ду ширкати ҳавопаймоии Русия аз маҳдуд шудани таъмини сӯхт ва саргардонӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон гила кардаанд.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сибир» эълом кардааст, ки аз нимаи моҳи октябри соли ҷорӣ сӯхтгирӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон маҳдуд шуда ва акнун мушкилотеро барои интиқоли мусофирон ба вуҷуд овардааст.
Манобеи мутталеъ мегӯянд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ин ширкат гуфта шуда, ки метавонад танҳо 3 тон сӯхт дарёфт кунад, ки маҷбур мешавад дар шаҳри Тошканд фуруд ояд ва дубора барои идомаи парвоз ба Русия сӯхтгирӣ кунад. Аммо ин кор ду соат вақт мехоҳад, ки барои мусофироне, ки парвози транзитӣ доранд, мушкил эҷод мекунад.
Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Уралские Авиалинии» низ аз мушкили мушобеҳ шикоят кардааст, ки камбуди сӯхт дар Тоҷикистон муҷиби ба дарозо кашидани замони парвоз, афзоиши қимати билети ҳавопаймо ва нороҳатии мусофирон мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир қимати 1 тон бензини ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон 1 ҳазору 500 доллар мебошад, ки гаронтарин шохис дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.
Бештар бихонед:
- Нархи сӯхт: Далели аслии гаронии қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон
- Афзоиши қимати сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар соли рушди гардишгарӣ