Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75832
Қимати орд дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 22, 2021 18:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон

Қимати орд дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иллати афзоиши қимати ордро коҳиши тавлиди гандум дар Қазоқистон эълом мекунанд.

Тайи як моҳи гузашта қимат ҳар кисаи 50 килоии орд дар Тоҷикистон 50 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Абдулқодир Ятимов, сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон фақат 50 то 60 дарсади гандуми мавриди ниёзи худро дар дохил тавлид мекунад ва мобақии гандуми мавриди ниёз воридотӣ аст.

Вай далели афзоиши қимати ордро хушксолии яксола ва коҳиши тавлиди гандум дар Қазоқистон донист.

Тоҷикистон солона ба 700 000 тон орди воридотӣ ниёз дорад.