Беш аз 45 дарсади сокинони Тоҷикистон воксани корона дарёфт кардаанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75838-Беш_аз_45_дарсади_сокинони_Тоҷикистон_воксани_корона_дарёфт_кардаанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ ба беш аз 45 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 22, 2021 19:13 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 45 дарсади сокинони Тоҷикистон воксани корона дарёфт кардаанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ ба беш аз 45 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона гуфтанд, то ин муддат 2 миллиону 632 ҳазору 58 нафар дар Тоҷикистон воксани корона дарёфт кардаанд.

Аз ин теъдод 1 миллиону 106 ҳазору 807 нафар дози дувуми воксани коронаро тазриқ карданд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар шабонарӯзи гузашта, мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ нашуд.

Бештар бихонед: