Октябр 22, 2021 19:26 Asia/Dushanbe
  • Путин хостори мушорикати тоҷикон дар қудрати сиёсӣ дар Афғонистон

Раисиҷумҳури Русия хостори мушорикати тоҷикон ва дигар ақвоми сокин дар Афғонистон дар қудрати сиёсӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Владимир Путин дар нишасти Бошгоҳи таҳлилии «Валдай» гуфт, бар асоси омори мухталиф 40 то 47 дарсади мардуми Афғонистон тоҷик мебошанд ва дар ин кишвар узбекҳо, ҳазораҳо ва дигар ақвом низ зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, «Толибон»* [ҳайати ҳукумате, ки аз ҷониби ҳаракат таъсис ёфтааст] ҳоло асосан аз гурӯҳҳои паштун иборат аст. «Аммо дар он ҷо тоҷикон ҳастанд, — гуфт Путин. — Ва аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 40 то 47 фоизро ташкил мекунанд. Бубинед, ин хеле зиёд аст».

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, «Мо бо ҳама неруҳои сиёсии Афғонистон дар тамос ҳастем ва бо ҳама робитаҳои нисбатан мӯътадил дорем. Аммо, мо хоҳони онем, ки созишҳои қобили қабул дарёфт карда шаванд ва масъалаҳое, ки дар назди кишвар истодаанд, танҳо бо ёрии аслиҳа, ки ахиран чунин буд, ҳал нашаванд, балки манфиатҳои занон ба инобат гирифта шаванд»,

Вай ба нақши вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои поён додан ба даргириҳои тӯлонӣ дар ин кишвар ва фароҳам сохтани шароити зиндагии матлӯб ҳамроҳ бо оромишу пешрафт таъкид кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп