Октябр 24, 2021 14:51 Asia/Dushanbe
  • Манотиқи марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон баста боқӣ мемонад

Содир Ҷабборов-раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки то замони ниҳоӣ шудани созишномаи аломатгузории марзии Қарғизистону Тоҷикистон, манотиқи марзӣ ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

Вай муътақидаст, ки то аломатгузории комили марзи муштараки ду кишвар сухан гуфтан аз имкони бозгушоии марзҳо маънӣ надорад . Зеро танҳо роҳи поён додан ба ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистони мушаххас кардани хутути марзӣ ва тавофуқ бар сари манотиқи мавриди муноқиша мебошад.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон таъкид кард, ки ба таври истисно ба донишҷӯёни тоҷик иҷоза дода шуд, ки ба маҳали таҳсилашон дар донишгоҳҳои Қирғизистон бозгарданд .

Рӯзи 25 октябри соли ҷорӣ низ гуруҳи нақшабардории Қирғизистон барои идомаи музокира дар бораи аломатгузории марз ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.



Бештар бихонед :

 

Барчасп