Октябр 25, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Шикояти паноҳандагони афғонӣ дар Тоҷикистон аз бетаваҷҷӯҳии дафтари Созмони Миллали Муттаҳид

Гуруҳе аз паноҳндагони афғонӣ, ки пас аз тасаллути Толибон бар Кобул ба Тоҷикистон омадаанд, аз бетаваҷҷӯҳии дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид ба мушкилоти онон шокӣ ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, ин паноҳандагон муддаӣ ҳастанд, ки дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба дархостҳои онон дар заминаи ироаи кумакҳои молӣ ва мушовараи ҳуқуқӣ посух намедиҳад .
Хонаводаи Самеъ Раҳмонӣ, яке аз ин паноҳандагон мегуяд чаҳор моҳ аст, ки бо фирор аз Афғонистон дар Тоҷикистон ба сар мебарад ва ниёзи шадиде ба кумакҳои молӣ ва ғизоӣ дорад, ки муроҷиати пайдарпай ба дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе бидуни натиҷа будааст .
Кормандони ин дафтар гуфтаанд, ки дар ҳадди тавони хеш ба паноҳндагони афғонӣ дар Тоҷикистон кумак мекунанд, аммо ба далели камбуди манобеи молӣ танҳо таҳияи чодар ва маводи аввалияи мавриди ниёз барои ин афрод имконпазир мебошад.
Бар асоси гузориши ин дафтар дар ҳоли ҳозир 13 700 паноҳандаи афғонӣ дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки ниме аз онон пас аз тасаллути Толибон бар Кобул ба ин кишвар омадаанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп