Роҳандозии сомонаи интиқоли телефонии пул аз бонкҳои Русия ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 27 Oct 2021 10:28:41 GMT )
Октябр 27, 2021 15:28 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии сомонаи интиқоли телефонии пул аз бонкҳои Русия ба Тоҷикистон

Бонки марказии Русия эълом кард, сомонаи интиқоли телефонии пул аз бонкҳои Русия ба Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Бо роҳандозии ин сомона, коргарони муҳоҷири тоҷик метавонанд пули худро ба сурати телефонӣ ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Бар асоси барномарезӣ афрод ҳар моҳ метавонанд 1 миллиону 500 ҳазор рублро аз тариқи телефони ҳамроҳ ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.

Мақомоти Бонки марказии Русия таъкид карданд, равиши ҷадиди интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон дар оянда барои атбои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ амалӣ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: