Октябр 27, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳизби демократи Тоҷикистон ба изҳороти раиси ҷумҳурии Қирғизистон

Ҳизби демократи Тоҷикистон ба изҳороти раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, дар баёнияи ин ҳизб таъкид шудааст, ки суханони Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон роҷеъ ба ин ки ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон то соли 1924 мутааллиқ ба Қирғизистон буд, комилан беасос аст.

Дар баёнияи ин ҳизб омадааст, аз таърихи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1924 дар даврони Шуравӣ ноҳияи Мурғоб бахше аз қаламрави ин кишвар буд, ки иддаои раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар ин маврид дурӯғ буда ва ҳеҷ мустанадоте низ ин суханонро таъйид намекунад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар идома гуфт: Аз ин рӯ беҳтар аст, ки мақомоти Қирғизистон ба ҷои изҳори назарҳои тафриқаангез ва беасос, ба дунболи ҳалли мушкили аломатгузории марзи муштараки ду кишвар аз роҳи музокироти сиёсӣ бошанд.

 

Бештар бихонед: