Лағви муҷавизи фаъолити муассисаи молии эронии "Кафолатбонк" дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 28 Oct 2021 11:06:17 GMT )
Октябр 28, 2021 16:06 Asia/Dushanbe
  • Лағви муҷавизи фаъолити муассисаи молии эронии

Бонки Миллии Тоҷикистон муҷавизи фаъолияти Муассисаи молии эронии "Кафолатбанк"-ро лағв кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бо қарори раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон бо сабабҳои асоснок иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Кафолатбонк" сар аз 27 октябр бозхонд карда шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар.

Аммо бо кадом сабаб бозхонд шудани иҷозатномаи "Кафолатбонк" аз сӯи БМТ шарҳ дода нашудааст

Ба иттилои мабаъ, тадбири мазкур дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ" андешида шудааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар асоси қарор гузаронидани тамоми амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб манъ аст.

Ҳамзамон интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки ҶСП "Кафолатбонк"-ро низ Бонки миллӣ манъ кардааст.

"Кафолатбонк" намояндагии Бонки тиҷорати Эрон дар Тоҷикистон ва аз бузургтарин ташкилоти қарзӣ дар кишвар буд.