Тоҷикистон қасди ҷазби теъдоди бештари муаллимони русро дорад
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард, ки кишвараш қасд дорад, теъдоди бештаре аз муаллимони русро барои тадрис дар мадориси ин кишвар ҷазб кунад.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Муҳаммадюсуф Имомзода гуфтааст, ки ин мавзӯ дар ҷараёни дидори Валентина Матвиенко, раиси Маҷлиси Шӯрои Федерасиони Русия ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Душанбе меояд.
Вай таъкид кардааст, ки барномаи эъзоми муаллимон аз Русия ба Тоҷикистон аз соли 2017 оғоз шуд, ки тарҳи комилан муваффақ мебошад. Дар ҳоли ҳозир 50 муаллими эъзомӣ аз Русия дар 22 мактаб дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки аз шароити кор вазиндагии хеш дар ин кишвар розӣ мебошанд.
Ба гуфтаи Имомзода мактабҳои ин кишвар ба муаллимони русзабон дар риштаҳои улӯми таҷрибӣ ниёзманд мебошанд, ки аз ҳисоби эъзоми омӯзгорон аз Русия ҷуброн хоҳад шуд.
Бештар бихонед: