Афзоиши қимати сӯхт дар Тоҷикистон
Қимати ҳар литр бензин ва солярка дар Тоҷикистон аз 11 сомонӣ бештар шуд.
Таи 10 рӯзи охир қимати ҳар литр бензин ва солярка дар Тоҷикистон аз 11 сомонӣ фаротар рафт .
Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник ، акнун қимати ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 то 11 сомониву 80 дирам, солярка аз 11 сомониву 40 то 11 сомониву 70 дирам ва қимати гази моеъ ба 7 сомониву 80 дирам расидааст, ки дар муқоиса бо 10 рӯзи қабл 30 то 50 дирам афзоиш ёфтааст .
Ин дар ҳоле аст, ки дар оғози соли ҷорӣ қимати ҳар литр бензин ва солярка 7 сомонӣ ва гази моеъ 4 сомонӣ буд .
Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон
Мушкили камбуди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон
Талоши Тоҷикистон барои воридоти сӯхт ва гази моеъ аз Қазоқистон
Афзоиши қимати сӯхт муҷиби боло рафтани нархи хадамоти васоити нақлия ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст .
Қимати як халта орди 50 килоӣ қабл аз гарон шудани нархи сӯхт 265 сомонӣ буд, акнун ба 300 сомонӣ расидааст .
Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон иллати афзоиши сӯхт дар ин кишварро боло рафтани нархи бензин ва солярка дар Русияву Қазоқистон эълом мекунанд .
Тоҷикистон бештари сӯхти мавриди ниёзи худро аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад.