Зарурати таъсиси Маркази вирусшиносӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76266-Зарурати_таъсиси_Маркази_вирусшиносӣ_дар_Тоҷикистон
Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати таъсиси ҳарчӣ зудтари маркази вирусшиносӣ дар ин кишвар таъкид кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 01, 2021 14:49 Asia/Dushanbe
  • Зарурати таъсиси Маркази вирусшиносӣ дар Тоҷикистон

Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати таъсиси ҳарчӣ зудтари маркази вирусшиносӣ дар ин кишвар таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Хуршеди Зиё дар ҳамоиши “ Тандурустӣ-омили муҳими амнияти иҷтимоӣ дар ҷомеъа дар шаҳри Душанбе гуфт, ки густариши бемории Ковид 19 камбуди зиёде дар бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистонро ошкор кард .

Вай афзуд : Аз ин рӯ яке аз дарсҳои густариши ин беморӣ барои Тоҷикистон ин аст, ки дар ин кишвар бояд мавзӯи таъсиси Маркази вирусшиносӣ, таҷҳизи озмоишгоҳҳо ва омӯзиши мутахассисон дар дастури кор қарор дода шавад .

Мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон афзуд : Барои омӯзиши мутахассисон дар дохилу хориҷ аз Тоҷикистон низ барномарезӣ шавад, ки мушкили камбуди вирусшиносон дар даврони густариши бемории Ковид 19 ба вузӯҳ мушоҳида шуд .



Бештар бихонед :