Ноябр 02, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Бардошти 350 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 350 ҳазор тон пахта аз мазореъи таҳти кишти ин маҳсул хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ аз 173 ҳазору 945 ҳектор заминҳои таҳти кишти пахта дар ин кишвар беш аз 350 ҳазор тон маҳсул бардошт шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 25 ҳазор тон бештар мебошад.

Кишоварзони вилояти Хатлон 280 ҳазор тон, вилояти Суғди 134 ҳазор тон ва навоҳии марказии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор тон пахта бардошт кардаанд.

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон умедворанд, ки то поёни мавсими бардошти пахта дар соли ҷорӣ тавлиди ин маҳсулро ба 400 ҳазор тон хоҳанд расонд.

Аммо коршиносон бо ишора ба фароварии танҳо 10 дарсад аз пахта дар дохили кишвар ва хомфурӯшии бақияи ин маҳсул ба шакли хом ба хориҷи ин вазъро ба зиёни кишоварзони ва иқтисоди Тоҷикистон унвон мекунанд.

 

Бештар бихонед: