Ноябр 05, 2021 20:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти аршади Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе

Дар дидори мақомоти аршади Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ масоили марбут ба омодагӣ барои чаҳордаҳумин ҳамоиши вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши “Форс”, Фарҳоди Салим, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ё Санг Ба, муовини вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ, ки ба Душанбе сафар кардааст, бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин мулоқот мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон масоили асосии марбут ба омодагӣ барои чаҳордаҳумин ҳамоиши вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Тараафйн ҳамчунин дар тӯли ин дидор дар хусуси чашмандози равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар заминаҳои мухталиф баҳсу табодули назар карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп