Тарвиҷи фарҳанги амрикоӣ бо иҷрои тарона дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 11 Nov 2021 09:20:11 GMT )
Ноябр 11, 2021 14:20 Asia/Dushanbe
  • Тарвиҷи фарҳанги амрикоӣ бо иҷрои тарона дар Тоҷикистон

Хабаргузории русӣ эълом кард, озмӯни тарвиҷи таронаҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон таҳмили фарҳанги бегона аст.

Хабаргузории русии “RussianToday” гуфт, вазорати умури хориҷаи Амрико тасмим гирифтааст, ки барои тарвиҷи забони англисӣ, фарҳангу мусиқии ин кишвар дар Тоҷикистон озмӯни баргузор кунад.

Ин хабаргузорӣ дар матлаби мунташир шуда, аз ин иқдом ба унвони таҳмили фарҳанги бегона ёд кардааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, барои иҷрои ин тарҳ аз 15 то 40 ҳазор доллар барои беҳтарин таронаҳо бо иҷрои хонандагони тоҷик ба забони англисӣ ҷоиза дарназар гирифта шудааст.

Ҳадаф аз ин барнома, ки созмонҳои ғайридавлатӣ, марокизи хусусии фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва расонаҳои хабарӣ онро иҷро хоҳанд кард, тарвиҷи забони англисӣ аз тариқи тарона аст.

Аз дидгоҳи вазорати умури хориҷаи Амрико ин иқдоми мӯҷиби таҳкими бештари равобити фарҳангӣ бо Тоҷикистон хоҳад шуд.