Таъкиди Тоҷикистон бар густариши равобити дуҷониба бо Эрон
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар паёме ба вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон густариши равобити дуҷониба бо Теҳронро дар заминаҳои мухталиф хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон имрӯз панҷшанбе бо ирсоли паёме ба Ҳусайни Амирабдуллоҳён зимни қадрдонӣ аз мизбонии Эрон дар баргузории нишасти вазирони умӯри хориҷаи ҳамсояи Афғонистон ибрози итминон кард,ки натоиҷи дидори ахираш бо вазири умӯри хориҷаи Эрон таъсири муҳим ва муассире барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон дошта бошад .
Дуюмин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар сатҳи вазирони умӯри хориҷа ба сурати таркибӣ ( маҷозӣ ва ҳузурӣ ) ба манзури баррасии авзоъи кунунии ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе 5 обон ( 27 октябр ) ба мизбонии Теҳрон, баргузор шуд.
Эрон, Чин, Покистон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳастанд.
Бештар бихонед :
- Таҳлил: Заруратҳои таомулоти Эрон ва Тоҷикистон
- Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Имзои 170 санад байни Эрону Тоҷикистон нишон аз умқи равобити ду кишвар аст
- Дидори кадри фаннии тими миллии Умеди Эрон бо сафири Эрон дар Тоҷикистон
- Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон : Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон меравад