Намоишгоҳи байналмилалии “Рассомон барои сулҳ” дар Душанбе
(last modified Fri, 11 Nov 2016 15:29:38 GMT )
Ноябр 11, 2016 20:29 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи байналмилалии “Рассомон барои сулҳ” дар Душанбе

Намоишгоҳи байналмилалии “Рассомон барои сулҳ” бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз кард.

Ин намоишгоҳи байналмилалӣ бо унвони “Дурдонаҳои Роҳи Абрешим” дар муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳи байналмилалӣ гуфт, ки наққошону тасвиргарон қосидони сулҳу дӯстӣ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои худ инсонро ба некиву накӯкорӣ ва хайру саховат даъват мекунанд.

Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ меҳмонону наққошони хориҷӣ аз 30 кишвари ҷаҳон осори ҳунарии худро ба намоиши умум гузоштаанд.

Дар поёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи байналмилалии “Рассомон барои сулҳ” ба 6 наққошу тасвиргар медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ тақдим гардид.