Ноябр 18, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба дархости Қирғизистон

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав боздошт шудааст.

Ба гузориши сомонаи ТопТҷ, Комилҷон Юлдошев, сокини 29 солаи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ ҳангоми парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дар Маскав боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил шудааст.

Манобеи полиси Русия эълом кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи афроди таҳти пайгарди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир қарор дорад.

Бастагони вай таъкид кардаанд, ки тарафи Қирғизистон муддаии қочоқи маводи мухаддир аз сӯи Комилҷон Юлдошев дар соли 2018 мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки як рӯз қабли Додситонии кулии Тоҷикистон аз озодии Диловар Ҷӯраев, шаҳрванди боздошт шуда тоҷик дар Русия ба дархости мақомоти Қирғизистон хабар дод.

Мақомоти қазоии Қирғизистон алайҳи 25 нафар аз сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, ки дар Русия басар мебаранд ба иттиҳоми мушорикат дар низоъи марзӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил карда ва хостори истирдоди онон шудаанд.

Аммо бастагони ин афрод муддаиянд, ки ин иттиҳомот беасос мебошад ва аксари онон дар замони даргириҳои марзӣ миёни тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Тоҷикистон ҳузур надоштаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп