Ноябр 18, 2021 12:24 Asia/Dushanbe
  • Таъйини мақомҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармонҳое, теъдоде аз шаҳрдорон ва раисони ноҳияҳои кишварро барканор ва афроди дигаре ба ҷои онон мансӯб кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдорони Кӯлоб ва Леваканди вилояти Хатлон аз симматҳояшон барканор ва афроди дигар ҷоншини онон шуданд.

Ҳамчунин раисони навоҳии Темурмалик, Балҷувон, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон барканор шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи вилояти Бадахшонро ҳам барканор кард.

Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси ҷадиди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд низ мансӯб шуд.

Ду додраси вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳам барканор шуданд.

 

Барчасп