Ноябр 18, 2021 15:21 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Мақомоти вазоратхонаҳои саноати Тоҷикистон ва Туркия бо ҳам дидор карданд.

Мақомоти вазоратхонаҳои саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон ва Туркия барои як миллиарддоллар расонд, мубодилоти тиҷории дуҷониба дар сол таъкид карданд.

Ба гузориши ТоҷВек дар дидори Умед Солеҳзода, мовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Четин Алӣ Донмез ҳамтои турки вай дар Анкара, ки ба баррасии натоиҷи нишасти Комиссони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар ихтисос дошт, ба ин мавзуъ ишора шуд.

Омодагии Туркия барои ҳамкории расонаӣ бо Тоҷикистон

Дидори вазирони ду кишвари Тоҷикистон ва Туркия

Омодасозии 30 санади нави ҳамкори миёни Туркия ва Тоҷикистон

Гӯфта мешавад, ки афзоиши тавлиди алюминий ва рушди бахши бофандагӣ дар Тоҷикистон бо кумаки ширкатҳои Туркия дар ояндаи наздик имкони ба як миллиарддоллар расондани мизони мубодилоти тиҷоратии ду кишвар вуҷуд хоҳад дошт.

Ҳамчунин бар асоси омор, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ мизони мубодилоти тиҷоратӣ ду кишвар 177 миллион доллар будааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 60 маркази тавлидӣ бо сармоягузории ширкатҳои Туркия фаъолият мекунад.

Барчасп