Дарёфти кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон аз кишварҳои мухталиф
Ноябр 21, 2021 10:26 Asia/Dushanbe
Аз оғози имсол то кунун Тоҷикистон аз 58 кишвар кумакҳои башардустона дарёфт кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон кард ин кумакҳо бештар шомили маводи хурокӣ, дору ва таҷҳизоти тиббии беморони корона будааст.
Арзиши молии кумакҳои дарёфтии Тоҷикистон аз оғози имсол ҳудуди 82.55 миллион доллар аст. Ин мизон соли гузашта 41.7 миллион доллар буд.
Ҳамчунин дар 10 моҳи имсол 24.8 ҳазор тонна коло дар қолаби кумакҳои башардустона таҳвили мақомоти Тоҷикистон шуда аст.
Чин бо саҳми 37 дарсад аз кумакҳои башардустона аслитарин кишвари кумаккунанда ба Тоҷикистон аст, Амрико бо 14.5 дарсад дар мақоми дувум ва Русия бо 10.8 дарсад дар ҷойгоҳи севум қарор дорад.