Нишасти ҳамкориҳои минтақаии Тоҷикистон ва Русия дар Хатлон
(last modified Sun, 21 Nov 2021 06:19:24 GMT )
Ноябр 21, 2021 11:19 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳамкориҳои минтақаии Тоҷикистон ва Русия дар Хатлон

Ҳаштумин нишасти ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикстон дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳаштумин нишасти ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷиксистон 30 ноябри соли ҷори дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши сомонаи русии ТАСС, дар ин нишаст раёсати ҳайати Русия бар уҳдаи Алексей Уворчук, муовини нахуствазир ва раиси комиссияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ Русия ва раёсати ҳайати тоҷикиро Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бар уҳда хоҳад дошт.

Дар ин нишаст тарафҳо бо баррасии сатҳи феълии равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар бораи барномаи рушди ҳамкории ду кишвар баҳсу табодули назар хоҳанд кард.

Ҳамчунин мавзуъи мушорикати молӣ ва фаннии ширкатҳои Русия барои сармоягузори дар бахши кишоварзии Тоикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Хатлон болотарин мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзиро дар Тоҷикистон дорад.

Бештарин маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон ба Русия содир мешавад.