Иҷрои 83 дарсади даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 22 Nov 2021 15:20:49 GMT )
Ноябр 22, 2021 20:20 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 83 дарсади даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикстон гуфт: 83 дарсади барномаи даъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуда аст.

Ба гузориши сомонаи Авеста, сарҳанг Фариддун Муҳаммадализода гуфтааст, ки ин барнома дар вилояти Бадахшон ва шаҳри душанбе 100 дарсад иҷро шудааст.

Вай такид кард, даъват ба хизмати ҳарбӣ дар минтақаи марказии Тоҷикистон ин барнома ҳудуди 96 дарсад, вилояти Суғд 77 дарсад ва вилояти Хатлон 75 дарсад иҷро шуда аст.

Ӯ афзуд: Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳор ва фасли тирамоҳ ҷавонони болои 18 сол барои хизмат дар неруҳои мусаллаҳи кишвар даъват мешаванд.

Аммо ахиран тасвиби қонуни нави хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон заминаи хариди хизмати ҳарбӣ фароҳам шуд, ки бо пардохти 25 ҳазору 500 сомонӣ  метавонад корти поёни хизмат дарёфт кунад.