Ноябр 23, 2021 14:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ

Дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, раванди омодагӣ барои аввалин ҳамоиши тиҷории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд.

Шараф Шерализода, муовини ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар маҳалли вазоратхонаи умури хориҷаи ин кишвар бо сафири Кореяи Ҷанубӣ, муқими Душанбе мулоқот кард.

Тарафайн раванди омодасозии аввалин даври ҳамоиши тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубиро, ки қарор аст дар чорчӯби чаҳордаҳумин ҳамоиши ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар таърихи 29 ноябри 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш раисони утоқҳои саноеъ ва бозаргонӣ, сохторҳои тахассусӣ ва маҳофили тиҷории кишварҳои мазкур ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ин дидор бар аҳамияти ин рӯйдод барои тавсеаи заминаҳои умедворкунандаи иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, тақвияти равобити созанда байни бахши хусусӣ ва иҷрои пружаҳои зерминтақаӣ ва авлавиятдор байни кишварҳои ширкаткунанда, таъкид шуд.