Ноябр 27, 2021 10:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ Growtech 2021” дар Туркия

Намояндагои Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ Growtech 2021 ” дар Туркия ширкат карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ —  «Growtech 2021» дар Анталияи Туркия ифтитоҳ шуд.

Намоишгоҳи “ Growtech 2021” то 27 ноябр барпо аст.

Раёсати намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳро Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бар ӯҳда дорад.

Дар ин намоишгоҳ 600 ширкат аз 40 кишвар ширкат карданд.

 

Барчасп