Ноябр 28, 2021 12:58 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ишқобод

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ки барои ширкат дар понздаҳумин иҷлоси ЭКО ба Ишқобод сафар карда аст, бо ҳамтоёни туркманистонӣ ва покистонии худ дидору гуфтӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуъотии райсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов раиси Ҷумҳурии Туркманистон сатҳи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ феълӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои ду кишварро барраси кард.

Дар ин дидор роҷеъ ба нақши камисяи муштараки ҳамкориҳоии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркманистон дар тақвияти равобити ду кишвар, зарурияти рушди муносибот дар заминаҳои энергетика, ҳамлу нақл ва транзит, омузишу парвариш ва беҳдошту дармон баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Алавӣ раиси Ҷумҳурии Покистон равобити дуҷониба, вазъияти Афғонистон ва ҳамкории Душанбе ва Исломобод дар чорчуби созмони ЭКО баррасӣ шуд.

Понздаҳумин иҷлоси сарони Сомон ЭКО дар Ашқобод пойтахти Туркманистон баргузор мешавад.

Барчасп