Ноябр 29, 2021 11:53 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории амниятии Амрико дар Тоҷикистон

Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт : Қасд дорем дар соли оянда ҳудуди 60 миллион доллар барои тақвияти амнияти марзҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ кунем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, сафорати Амрико ба манзури кумак ба амнияти марзии Тоҷикистон ба марзбонони ин кишвар 18 адад ҷип ба арзиши 1.3 миллион доллар эҳдо кард .
Васоили нақлия ба марзбонони тоҷик барои анҷоми амалиёт дар шароити сахти ҷуғрофиёи манотиқи марзӣ кумак мекунанд .
Маросими таҳвили ин худравҳо бо ҳузури генерали Раҷабалии Раҳмоналӣ-фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва Ҷон Марк Поммершайм-сафири Амрико дар ин кишвар баргузор шуд .

Сафири Амрико дар ин маросим ин иқдомро танҳо намунаи аз кумакҳои фаннии кишвараш ба Тоҷикистон барои ҳифозат аз марзҳои давлатӣ хонд ва аз Душанбе барои ҳамкории наздик дар заминаи амнияти марзҳо ташаккур кард .
Вай дар идома бо баёни ин ки Амрикову Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ шарик ҳастанд, гуфт, ки барои таъйиди ин равобит қасд дорем дар соли оянда ҳудуди 60 миллион доллар дар бахши амнияти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунем .

Бинобар ин гузориш Амрико аз соли 1992 беш аз 330 миллион доллар ба бахши амнияти Тоҷикистон кумак кардааст, ки шомили омӯзиш ва ироаи таҷҳизоту зерсохтҳо мешавад .
Ба унвони бахше аз ин кумаки тарафи Амрико 378 худрав ба арзиши 11.9 миллион доллар дар ихтиёри низомиёни тоҷик қарор дода ва беш аз 10 ҳазор сарбозу афсарро дар заминаи тактикаҳои муассири мубориза бо тероризм ва қочоқи маводи мухаддир омӯзиш дода ва ҳамчунин 13 посгоҳи марзӣ, 9 гузаргоҳи марзӣ, 2 баталиёни марзӣ ва 3 маркази омӯзишии марзбонӣ сохта ё бозсозӣ кардааст .
 

 

Барчасп