Тазриқи дозаи сеюми воксани корона дар Тоҷикистон феълан имконпазир нест
Мудири Идораи муқобила бо бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки тазриқи дозаи сеюми воксани корона дар ин кишвар феълан имконпазир нест .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки то замоне ки 60 дарсад аз афроди болои 18 сол дар Тоҷикистон дозаи дувуми воксани коронаро дарёфт накунанд, тазриқи дозаи сеюм имконпазир нахоҳад буд .
Ҳамчунин ниёз ба воридоти бештари воксани корона ба Тоҷикистон аз хориҷ дар сурати зарурати тазриқи дозаи дувум вуҷуд дорад .
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард то 29 ноябри соли ҷорӣ ба 51 дарсад аз ҷамъияти болои 18 сол дозаи аввали воксани корона тазриқ шуд .
То ин муддат ба 2 миллион 977 ҳазору 282 нафар дар Тоҷикистон дозаи аввали воксани корона тазриқ шудааст, ки аз ин теъдод 2 миллиону 578 ҳазор нафар дозаи дувуми воксани коронаро дарёфт карданд .
Бештар бихонед :
-
Тазриқи воксани корона ба ҳудуди 49 дарсад аз аҳолии болои 18 соли Тоҷикистон
-
Тазриқи воксани корона ба 46,5 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли Тоҷикистон