Поёни эътрозоти 4 рӯза дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон
Ба гузориши сомонаи Тоҷикистон, ба гуфтаи намояндагони муътаризон мақомоти ҳукумат дархости онҳоро пазируфтанд, ки сабаби поён ёфтани ин эътирозҳо шуда ва вазъият дар шаҳри Хоруғ ба ҳолати оддӣ даромадааст.
Бар асоси ин тавофуқ афроди ширкаткунанда дар ин эътирозот мавриди пайгири қазоӣ қарор намегиранд, омилони кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва ду нафари дигар муҷозот мешаванд, 44 намояндаи муътаризон дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳаводис ширкат мекунанд ва интернет ва хадамоти телефони ҳамроҳ дар рӯзҳои наздик дубора барқарор хоҳад шуд.
Мақомоти амниятӣ далили кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков сокини ноҳияи Роштқаларо муртакиби ҷурмҳои ҳамчун гаравгонгирӣ, таҳрики хусумати иҷтимоъӣ ва нажодӣ эълом мекунанд, ки ҳангоми амалиёти боздошт муқовимат кардааст. Аммо муътаризон кушта шудани вай ва ду нафари дигар дар майдони шаҳри Хоруғро барқасдона медонанд.
Бештар бихонед: