Ноябр 30, 2021 11:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Чон Ий Ён, ки барои ширкат дар чаҳордаҳумин нишасти Маҷмаи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон омадааст, дар бораи равобити дуҷониба, авзои Афғонистон ва масоили минтақаӣ баҳсу табодули назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор Кореяи Ҷанубиро шарики мавриди эътимоди Тоҷикистон унвон кард ва хостори сармоягузории ин кишвар дар бахшҳои саноатӣ, энержӣ, маъдан, ҳамлунақл ва транзит, тандурустӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиву гардишгарии кишвараш шуд.

Вай таъкид кард, ки фаъол шудани Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ метавонад барои рушди равобити ду кишвар кумак кунад.

Ду тараф дар ин дидор бар зарурати расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва барқарории субот ва амният дар ин кишвар низ таъкид карданд.

Вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар чаҳордаҳумин нишасти Маҷмаи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп