Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Белорусия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i7759-Рӯзҳои_фарҳангии_Тоҷикистон_дар_Белорусия
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия аз 10 то 14 ноябр дар ҳоли баргузорист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 12, 2016 15:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Белорусия

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия аз 10 то 14 ноябр дар ҳоли баргузорист.

Дар маросими ифтитоҳи ин рӯйдоди фарҳангӣ Ибодуллоҳ Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Борис Светлов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Белорусия дар суханронияшон ба густариши беш аз пеши равобити фарҳангии ду кишвар таъкид карданд. Ба ҳамин муносибат дар Китобхонаи миллии Белорусия китоби "Аскарони қаторӣ", асари Дударев, нависандаи белорусӣ бо тарҷумаи мутарҷимони тоҷик рӯнамоӣ шуд. Ҳамчунин дар театри "Белорус" дар шаҳри Минск Рӯзҳои филми тоҷик баргузор мешавад.

Барпо гаштани намоишгоҳи осори наққошони муосири тоҷик дар шаҳри Минск ва консерти ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Бобруйск аз дигар барномаҳои Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Белорусия аст.