Декабр 01, 2021 15:10 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 66 миллиондолларӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон

Вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, тайи 2 соли ахир 66 миллиону 700 ҳазор доллар дар бахши кишоварзӣ сармоягузорӣ шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сулаймон Зиёзода дар нишасти вазирони Тоҷикистон бо ироаи гузорише аз авзои кишоварзӣ изҳор дошт: Соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 17 миллион доллар бештар сармояи хориҷӣ ҷазб шудааст.

Ӯ идома дод, ҳамчунин тайи солҳои 2019 то 2021 барои рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон 74 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҳазина шудааст.

Вай таъкид кард, дар соли 2020 сармоягузорӣ барои афзоиши маҳсули боғӣ ва сабзиҷот ба 11 миллиону 300 ҳазор доллар расид.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон баён кард, аз сӯи дигар барои афзоиши тавлиди гӯшти мурғ низ соли гузаштаи мелодӣ 285 ҳазор доллар сармоягузорӣ шудааст.