Дидори сафири Эрон бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва дар бораи заминаҳои тавсеаи муносиботи илмӣ, омӯзишӣ ва фанноварии ду кишвар гуфтугӯ карданд.
Муҳаммадтақии Собирӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Инстаграм аз дидор бо Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод ва навишт: Дар ин мулоқот, зимни ибрози хурсандӣ аз таҳаввулоти мусбату раванди рӯ ба рушди равобити дуҷониба ва иртиқои муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, омодагии Вазорати омӯзиш ва парвариш ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии исломии Эрон бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кардам.
Сафири Эрон дар Душанбе дар ин дидор бо ишора ба зарфиятҳои фаровони ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои илмӣ, омӯзишӣ ва фанноварӣ, таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ин заминаҳо бо кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияте надорад ва табодули ҳайатҳои донишгоҳӣ ва баргузории муштараки семинарҳои илмӣ ва намоишгоҳҳои муаррифии дастовардҳову фаъолиятҳои илмӣ, омӯзиш ва фанноварӣ ба манзури муаррифии осори мумтозу барҷастаи устодону мафохири илмии ду кишварро дар тавсеаву тақвияти муносиботи ду кишвар муҳим аст.
Собирӣ идома дод: Баргузории урдуҳо, мусобиқот ва олимпиадаҳои муштараки донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ, семинарҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯоти мавриди алоқа дар маҷомеи илмӣ ва донишгоҳии ду кишвар ва истифода аз фурсатҳои мутолеотиро аз ҷумлаи барномаҳои қобили иҷро баршумурдаву омодагии кишварамонро дар ҷиҳати интиқоли таҷрибиёт дар заминаи таъсису мудирияти парки илм ва фанноварӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, стандартсозии фазоҳои омӯзишӣ, баргузории давраҳои тарбияти муаллим ва беҳсозии манобеи инсонӣ ва омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ эълом кардам.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни истиқбол аз пешниҳодҳои матраҳшуда ва бо ишора ба иштирокоти фаровон миёни ду миллат, омодагии кишварашро барои тавсеаи муносиботи фимобайн дар хусуси пешниҳоди матраҳшудаву тақвияти ҳамкориҳо дар арсаи илмӣ ва омӯзишиву фанноварӣ эълом кард.
Бештар бихонед:
- Дидори кадри фаннии тими миллии Умеди Эрон бо сафири Эрон дар Тоҷикистон
- Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар