Афзоиши 26. 4 дарсадии мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ
Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тайи 10 моҳи имсол нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 26. 4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши “Форс”, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ дар моҳҳои январ то октябри соли ҷорӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта бештар шудааст.
Бинобар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба таври куллӣ мубодилаи тиҷорӣ байни ин кишвар ва кишварҳои узви ИДМ тайи ин давра беш аз 2. 4 миллиард доллар баровард шудааст, ки шомили 47. 9 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мешавад.
Тайи ин давра тиҷорати хориҷии Тоҷикистон танҳо бо 7 кишвари узв, аз ҷумла Туркманистон 2. 4 баробар, Қазоқистон 31. 2 дарсад, Узбакистон 29. 9 дарсад рушди мусбат доштааст.
Гардиши молӣ бо соири кишварҳои мустақили ИДМ баръакс манфӣ будааст.
Бинобар гузориши Агентии омори Тоҷикистон, шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон аз миёни кишварҳои узви ИДМ Русия, Қазоқистон ва Узбакистон будаанд.
Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон тайи ин муддат бо Русия беш аз як миллиард доллар, Қазоқистон беш аз 936. 4 миллион доллар ва бо Узбакистон беш аз 354 миллион доллар будааст.