Декабр 07, 2021 12:54 Asia/Dushanbe
  • Паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумон 21 декабр барномарезӣ шудааст

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи хешро дар нишасти муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси амояндагони Маҷлиси Олиии Тоҷикистон рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ ироа хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, Эмомалӣ Раҳмон маъмулан охирҳои сол дар Парлумони Тоҷикистон суханронӣ мекунад, ки муҳтавои он натиҷагирӣ аз амалкард дар соли ҷорӣ ва мушаххас кардани вазоифи вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ барои соли оянда мебошад.

Дар паёмҳои солонаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин самту сӯи куллии сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон барои соли ҷадид мушаххас мешавад.

Ин суханронӣ дар ҳузури намояндагони ҳар ду маҷлис, ҳайати давлат, масъулони ҳукуматии вилоёт, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ анҷом мегирад.

Паёми солонаи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим аз шабакаҳои радио ва телевизионии ин кишвар пахш мешавад ва кормандони идорот ва созмонҳои давлатӣ муваззаф ҳастанд ин барномаро дар маҳалли кори худ бубинанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп