Декабр 08, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо танкҳои T - 72

Русия аз таҳвили 30 танки навсозишуда ба пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон хабар дод.

Ин танкҳо муҷаҳҳаз ба системаи муҳаррики ҷадид, системаҳои ҳифозатии ғайрифаъол ва фаъол, системаи иртиботии «Р – 168», тасвиргарҳои ҳароратӣ ва соири таҷҳизоту васоили лозим аст, ки ба хадамаи он иҷоза медиҳад ба суръат аҳдофро шиносоӣ ва нобуд кунанд.

Бинобар суханони Александр Лапин, фармондеҳи минтақаи низомии Русия, се бригадаи туфангмотории бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ, ба таври комил ба таҷҳизоти низомии модерни «БМП 2 м» ва «БМП 82 ай» муҷаҳҳаз шудаанд.

Фармондеҳи минтақаи низомии Русия изҳор дошт, ҳамчунин ба ин пойгоҳи низомӣ сомонаҳои мушакии ҳидоятшавандаи зиддитанки «Корнет», аслиҳаҳои тактирандози «Корд», аслиҳаҳои АК – 12, шуълаафканҳои ҷети пиёданизом бо бурд ва тавони афзоишёфта ва таҷҳизоти хадамоти пуштибонӣ ва лагистикиву фаннӣ мунтақил шуданд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон аз омодагии пойгоҳи 201 барои муқобила бо таҷовузи террористҳо хабар дод.

 

Бештар бихонед: