Декабр 12, 2021 15:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Душанбе ва Қоҳира бар тавсиъаи ҳамкориҳои дуҷониба
    Таъкиди Душанбе ва Қоҳира бар тавсиъаи ҳамкориҳои дуҷониба

Дар дидори муовинони вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Миср бар зарурати тавсиъаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дар дидори Музаффар Ҳусайнзода ва  Имон Комил-муовинони вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Миср бар зарурати тавсиъаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъкид шуд.

Дар ин дидор ,ки дар шаҳри Қоҳира-пойтахти Миср баргузор шуд, ду тараф хостори тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар заминаи сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, беҳдошт, ва амниятиву гардишгарӣ шуданд .

Ҳусайнзода ва Комил ҳамчунин ташдиди фаъолияти комисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ,илмӣ ва фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Мисрро дар ростои таҳкими таъомулоти ду кишвар унвон карданд.

Муовинони вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Миср иқдомоти муштарак дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ҳамагирии  корона ва ҳамчунин тағйири иқлимро муҳим донистанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп